Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни бисёрҳизбӣ дар порлумони Туркманистон


Порлумони Туркманистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки қарор аст, заминаҳоро барои таъсиси ҳизбҳои нави сиёсӣ фароҳам орад. Ин қонун мафҳуми ҳизби сиёсӣ, ҳуқуқу масъулиятҳо ва ҳамчунин кафолати фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро муайян кардааст. Қонун як пас аз он қабул шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар паёми интихоботии хеш ваъда дод, ки дар кишвараш низоми бисёрҳизбиро ҷорӣ хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон як ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG