Бино бар иттилои хабаргузориҳои Эрон, дар як таркиш дар шимоли Теҳрон ба камияш як нафар кушта шудааст. Хабаргузории нимарасмии “Форс” мегӯяд, як мотосиклсавор ба мошине дар наздикии хиёбони Китобӣ бомберо насб кард, ки аз инфиҷори он як тан аз сарнишинони мошин кушта ва ду ҳамсафари ӯ захмӣ шудаанд. “Форс” мегӯяд, шахси кушташуда устоди донишгоҳ будааст, аммо мақомоти расмӣ инро тасдиқ накардаанд ва хабаргузории “Меҳр” мегӯяд, кушташуда аспиранти риштаи кимиё будааст.