Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лионел Мессӣ боз "Тӯби тиллои"-ро соҳиб шуд


Лионел Мессӣ, ҳамлагари дастаи футболи “Барселона”, бори сеюм беҳтарин футболбози олам эътироф шуд. Дар раъйдиҳие, ки миёни хабарнигорони соҳаи варзиш ва муррабиёну капитанҳои дастаҳои футбол баргузор шуд, ӯ назар ба рақибонаш Ҳавӣ ва Криштиан Роналду овозҳои бештарро соҳиб шуд.

Ҳарсе футболбозе, ки ба рӯйхати довталабони “Тӯби тиллоӣ” шомил буданд, узви ду дастаи беҳтарини чемпионати Испания “Барселона” ва “Реал” мебошанд.

Зимнан Роналду соли 2008, замоне, ки дар дастаи “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекард, соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шуда буд. Ҳавӣ бошад се сол боз дар сабқат барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад.

Дар бозиҳои гуногуни мавсими имсол Мессӣ ба дарвозаи ҳарифон 53 тӯб задаст.

Дастаи “Барселона” соли 2011 қаҳрамони футболи Испания шуд ва дар бозиҳо барои Ҷоми олии Аврупо ва чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳои футбол пирӯз шуд ва аммо дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Испания аз дастаи “Реал”-и Мадрид шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG