Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Арабӣ: Ягона роҳи хатми низои Сурия музокирот аст


Нобил ал-Арабӣ
Нобил ал-Арабӣ
Нобил ал-Арабӣ, Дабири куллии Лигаи кишварҳои араб дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар шаҳри Қоҳира гуфт, ки низоъ дар Сурия фақат аз роҳи музокироти ҳукумат ва мухолифин метавонад ҳаллу фасл шавад.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик теъдоди нозирони Лигаи кишварҳои араб дар Сурия то 300 нафар афзоиш медиҳад.

Ҳайати нозирони Лигаи кишварҳои араб, ки ба он 163 нафар шомиланд ва аз 26 декабр дар Сурия фаъолият мекунад, барои он ҳадафи танқид қарор дорад, ки бо вуҷуди ҳузураш хунрезӣ дар ин кишвар идома меёбад. Мухолифини ҳукумати Сурия ахиран талаб карданд, ки нозирони кишварҳои арабӣ Сурияро тарк намоянд ва нозирони СММ ҷойгузини онҳо шаванд.

Шайх Ҳамад бини Ёсим ат-Танӣ, нахуствазири Қатар, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки Димишқ шартҳои созиш бо Лигаи кишварҳои арабро иҷро намекунад – ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз артиш аз шаҳрҳое, ки он ҷо задухӯрдҳо бо мухолифини башор Асад идома доранд, берун карда нашудааст.

Шабонарӯзи гузашта дар Сурия дасти кам 20 нафар, аз ҷумла, 11 сарбози ҳукуматӣ, ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG