Вакили мудофеъи Рустам Ҳукумов гуфтааст, ки ҳукми раҳоии писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ рабте ба қазияи халабонҳо надорад. Константин Рибалов дар торнамояш навишта, ки раёсати додгоҳи вилояти Маскав дар таърихи 28 декабр ба натиҷае расид, ки ҳукми Рустам Ҳукумов бар пояи ҳадсу гумонҳо содир шуда, иттиҳомоти зидди ӯ исбот нашудааст. Рустам Ҳукумов дар соли 2010 бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз сӯи додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскав ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди судури ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан” Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз сӯи додгоҳи Қӯрғонтеппа матбуоти Русия ҳадс мезад, ки Душанбе шояд мехоҳад бо чунин шантаж ба раҳоии Рустам Ҳукумов ноил шавад.