Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ярч боиси ҳалокати даҳҳо сокини Филиппин шуд

Бар асари ярч дар вилояти Компостелаи Филиппин дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Беш аз сад нафари дигар беному нишон шудаанд.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ярч болои як шаҳраки ангиштканҳо фуруд омад. Волии Компостела гуфт, ки мақомот ангиштканҳоро аз таҳдиди хабар огаҳ карда буданд ва аммо бисёриҳо аз кӯб бастан сарпечӣ намуданд.

Барои анҷоми корҳои наҷотбахшӣ 120 низомии кишвар ба минтақаи офати табиӣ фиристода шуданд.

Моҳи гузашта бар асари обхезӣ дар Филиппин садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Хоманаӣ аз норозиён «эҳтиёткорӣ»-ро хост, созмонҳо аз саркӯб мегӯянд

Эътирозҳо дар Хузистон

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дар суханронии рӯзи ҷумъааш ба эътирозгарон дар вилояти Хузистон гуфтааст, ки «баҳонае ба дасти душман» нашаванд.

Хузистони саршор аз нафт дар ҷануби ғарби Эрон ҷойгир аст, вале сокинонаш аз моҳи марти имсол ба ин сӯ ба хотири хушксолӣ зиёни сахт дидаанд.

Хоманаӣ таъкид кардааст, ки камбуди об яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамзаон афзуд, «мардуми Хузистон ба хотири ибрози нохушнудияшон аз камбуди об маломат нестанд», аммо аз онҳо хост, «эҳтиёткор бошанд».

Дар ҳамин ҳол, созмони Афви Байналмилалӣ ва Дидбони Ҳуқуқи Башар нерӯҳои амниятии Эронро ба саркӯби норозиён муттаҳам карданд. Афви Байналмилалӣ гуфтааст, дар ин хушунатҳо 8 кас, аз ҷумла як ҷавон кушта шудаанд.

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид вазъи имрӯзаи Хузистонро «фоҷеаомез» хонд ва онро натиҷаи солҳо саҳлангорӣ ва бетаваҷҷӯҳии ҳукумати Эрон номид.

Пирӯзии муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов, дар рақобати нахустинаш дар Олимпиадаи Токио

Баҳодур Усмонов аз тарафи рост, акс аз бойгонӣ

Рӯзи 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Нахуст Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан вориди сабқат шуд. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии Баҳодур бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Муштзани тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Сипас Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Даксианг Чен аз Чин вориди рақобат шуд. Дар ин сабқат намояндаи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Шаббос аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Муштзани дигари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ шуруъ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса аст.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26-уми июл ба сабқат сар хоҳад кард. Баъдан Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон рақобат мекунад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Сомон дар зинаи 16-ум ва Аҳмад дар зинаи 251-ум қарор доранд. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 33 кишвар медал ба даст овардаанд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Ҷопон дар мақоми аввал аст. Намояндагони ин кишвар 4 медал (3 тилло ва 1 нуқра) гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо касби 7 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Австралия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Русия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Италия (1 медали тилло, 1 нуқра), Тунис (1 медали тилло, 1 нуқра), Кореяи Ҷанубӣ (1 медали тилло ва 2 биринҷӣ), Эквадор, Маҷористон, Эрон, Косово ва Тайланд (яктоӣ медали тилло) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, Эстония, Қазоқистон ва Украина яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дувум ва севумро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Токио медал ба даст меоранд, дар пойтахти кишвар хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Сайдалӣ Маъмур шоири шинохтаи тоҷик даргузашт

Сайдалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 24-уми июл дар сини 77 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Шоир ду ҳатфаи охир аз бемории COVID-19 ранҷ мебурд. Дар як моҳи охир писар ва ҳамасари шоир ҳам аз ин беморӣ фавтиданд.

Алиакбар Абдуллоев, мушовири раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маросими ҷанозаи шоир субҳи фардо дар назди манзили зисташ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Аз ин қабл рӯзи 2-уми июл ягона писари шоир Фарзони Маъмури 43 сола ва 26-уми июн завҷааш Роҳат дар сини 72 солагӣ даргузаштанд. гуфта мешавад, ҳар ду ҳам ба бемории COVID-19 гирифтор буданд.

Сайдалӣ Маъмур зодаи деҳаи Яккабоғи Истаравшан соли 1944 ба дунё омадааст. Хаткардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Шоир дар "Радиои тоҷик", рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" фаъоляит доштааст. Солҳои охир мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Офаридаҳои ин шоири тозагӯи тоҷик аз 1963 ба табъ расидаанд. То ин замон маҷмӯаҳои шеърҳои ӯ бо номи "Заврақи умед" , "Савганд" , "Солгиреҳ", "Гарди Офтоб", "Овои мурғи шабовез" ба нашр расидаанд. Сайдалӣ Маъмур ҳамчунон барои бачагон шеър мегӯяд ва маҷмӯи офаридаҳои ӯ барои кӯдакон бо номи "Сӯзанак", "Навоҳои Гулдара" , "Карчи харбуза" , "Анӯшаҷони ҷони мо" , "Алвончак" ба дасти хонандагон расидааст.

Асарҳои шоир ҳамчунон ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти Эрону Афғонистон ҳам бознашр шудааст. Ӯ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дошт.

Дар пайи таркиш дар кони ангишти Шӯроб як нафар кушта ва чанд тан захмӣ шуд

Кони ангишти Шӯроб, Исфара

Бар асари таркиш дар кони зеризаминии Шӯроб, ки ангишт истеҳсол мешавад, як куштаву чанд тан захмӣ шуданд. Масъулони ин корхона мегӯянд, бинобар фарзияи пешакӣ таркиш аз газе, ки аз дохили нақбҳои зеризаминии кон хориҷ мешавад, ба амал омадааст. Гурӯҳҳои наҷот ҳоло бо бартарафкунии оқибатҳои ин ҳодиса машғуланд.

Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси ин кон рӯзи 24-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса тахминан соати 16:30 дақиқа рух дод ва Абдуманнон Тошбоев сардори бригадаи коргарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯро ба ташхисгоҳ бурдем ва ҳоло корро муваққатан то бартарафшавии садама қатъ кардем."

Як манбаъи боварбахши Радиои Озодӣ ҳамчунин афзуд, ки 7 каси дигар дар ин ҳодиса захмӣ бардошта ва ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Туйчиқул Муродқулов, сардори минтақавии ҳолатҳои изтирории зеризаминӣ низ афзуд: "ҳоло кормандон ба ҷойи ҳодиса рафта кумаки аввалияро расонида истодаанд ва дар сурати маълум шудани хисороти молию ҷонии бештар маълумот ироа хоҳад шуд."

Кони зеризаминии Шӯроб аз калонтарин конҳои истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон аст. Ҳусайн Бобозода мегӯяд, ингуна садамаҳо кам рух медиҳад ва дар даҳсолаи ахир нафаре ҳангоми кор дар кон ба ҳалокат нарасидааст.

Мақомҳои Покистон пас кушта шудани чиноиҳо дар таркиши автобус ба Пекин рафтанд

Вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Хадамоти иктишофии Покистон бо як сафари дурӯза вориди Чин шуданд. Ин сафар дар пасманзари таркиш дар як автобус, ки дар натиҷаи он чанд коргари чинӣ дар ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ кушта шуданд ва як бархурди бесобиқаи дипломатӣ миёни ин ду кишвари ҳампаймон сурат гирифт.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покисон, генерал-лейтенант Файз Ҳамид, раҳбари идораи иктишофи низомӣ рӯзи 23-уми июн ба Пекин рафтанд.

Вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, ки ду тараф ҳамкориҳои дифоъӣ ва амниятӣ, мубориза бо терроризм ва масоили минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Ин боздид пас аз он сурат мегирад, ки рӯзи 14-уми июл дар як таркиши автобус 12 нафар, аз ҷумла 9 коргари чини дар шимолу ғарби Покистон кушта шуд. Пекин гуфт, ки коргарони чинӣ дар натиҷаи "таркиши бомба" кушта шуданд. Дар ҳоле ки, мақомоти Покистон гуфтанд, ки таркиш зоҳиран дар натиҷаи ихроҷи газ ба амал омадааст. Автобус ҳудуди 40 корманди чиниро ба майдони сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии вилояти Хайбар Пахтунхвои Покистон, дар наздикии марз бо Чин мебурд.

Чин наздиктарин шарики минтақавии Исломобод аст, аммо амнияти коргарони чинӣ дар Покистон кайҳо боз нигарониҳоро дар Пекин ба бор овардааст.

Ин сафар ҳамчунин дар пасманзари афзоиши нигарониҳо дар минтақа аз афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон сурат мегирад. Толибон қаламравҳои зиёдеро пеш аз хуруҷи ҳамаи сарбозони хориҷӣ, ки 31-уми август анҷом меёбад забт кардаанд.

Нахустин медали тилои Олимпиадаи Токио-2020 насиби варзигари Чин шуд

Варзишгари Чин Тсян Ян, рӯзи 24-уми июл пас аз пирӯзӣ бар Анастасия Галашина аз Русия дар финали сабқати тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10-метра миёни занон аввалин медали тиллои Олимпиадаи Токио-2020-ро ба даст овард.

Галашина мавқеи хубе барои ба даст овардани медали тилло дошт, аммо зери фишор шикаст хурд. "Ман аз ҳад зиёд асабонӣ шудам, ҳарчанд хеле худро нигоҳ доштам. Ҳушу ёдам дар ҷояш набуд", - гуфт Галашина.

Дар ҳамин ҳол, Ҷавод Форуғӣ варзишгари Эронӣ дар сабқати тирандоз аз таппончаи пневматикӣ миёни мардон дар масофаи 10 метр, ки аввалин медали тиллоро аз миёни варзишагрони Эрон дар ин ришта ба даст овард.

Форуғии 41-сола куҳансолтарин варзишгаре аст, ки медали олимпӣ ба даст овард. Қабл аз ӯ куҳансолтарин варзишагре, ки медали олимпт гирифт ҳамватани ӯ, вазнабардор Маҳмуд Номҷӯ буд, ки дар бозиҳои олимпии Мелбурн соли 1956 дар синни 38-солагӣ гузаштааст медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар ин сабқат Дамир Микек аз Сербия дувум шуд ва аз қаҳрамони Олимпиадаи Пекин дар соли 2008 Панг Вей аз Чин пеш гузашт.

Рӯзи 24-уми июл 11 сабқати олимпӣ, аз ҷумла дар намудҳои камонварӣ, шамшербозӣ, дзюдо, таэквондо ва вазнбардорӣ доир мешаванд.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.

Ҷо Байден ба Ашраф Ғанӣ итминон дод, ки кӯмакҳои низомиву башарии ИМА идома меёбанд

Ҷо Байден раисҷумҳури ИМА бо Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон телефонӣ суҳбат карда, таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ёриҳои башардӯстона ва ҳимоят аз рушди Афғонистонро идома медиҳад.

Дар як изҳороте рӯзи 23-уми июл Кохи Сафед гуфт, президент Байден инчунин ӯҳдадории Амрикоро барои идомаи пуштибонии нерӯҳои амниятии Афғонистон барои дифоъ аз худ, тасдиқ кард.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки Байден ва Ғанӣ ҳамлаҳои Толибонро, ки даъво доранд муноқишаро аз роҳи музокирот ҳал карданиянд, мухолифи гуфтаҳояшон хонданд.

Тайи чанд ҳафтаи охир ҷангиёни Толибон зимни хуруҷи нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА қаламравҳои зиёди Афғонистонро таҳти назорати худ оварда, нигарониҳо аз суқути ҳукумати Афғонистонро бештар карданд.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон рӯзи 23-юми июл дар суҳбат бо оҷонсии Associated Press гуфт, ки ҷангиён силоҳҳои худро замоне ба замин хоҳанд гузошт, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз байн равад ва дар Кобул ҳукумате, ки ҳама ҷонибҳоро қонеъ месозад, сари кор ояд.

Қаблан Ҷейн Псаки сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Байден ва маъмурияти ӯ аз раҳбарияти мардуми Афғонистон, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ мекунанд. Дар ин суҳбат Байден ва Ғанӣ рӯи аҳамияти ваҳдати афғонҳо таъкид карданд, ки барои ҳимоят аз сулҳ, амният ва манофеи умумимиллӣ зарур аст.

Дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик ва қирғиз ниқоб надоштанд

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар Варзишгоҳи миллии Токио баргузор шуд, ҳайатҳои олимпии Қирғизистон ва Тоҷикистон бидуни ниқоб ба майдон омаданд.

Олимпичиёни Қирғизистон чанд муддат пеш аз ҳайати олимпии Тоҷикистон дар парад бе ниқоб иштирок доштанд. Танҳо як варзишгари қирғиз рӯяшро пӯшонид, аъзои дигари ҳайати тақрибан 15-нафарӣ, аз ҷумла ду парчамбардори он - тирандоз Каникей Кубаничбекова ва шиновар Денис Петрашов - ҳангоми ба варзишгоҳ баромадан бе ниқоб табассум мекарданд.

Чанде пас аз он, аксарияти аъзои ҳайати 12-нафарии Тоҷикистон низ ба ҳамин монанд бидуни ниқоб раҳпаймоӣ карданд, аз он ҷумла парчамбардор ҷудокор Темур Раҳимов.

Ҳамчунин ду парчамбардори Покистон низ ба фарқ аз аксарияти кулли ширкаткунандагони дигари маросим рӯйпӯш накардани худро ихтиёр намуданд. Ин иқдоми ғайримуқаррарии ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Қирғизистону Тоҷикистон дар маросими муаррифии як намоиши ҷаҳонии варзишӣ сурат гирифт, ки дар ҷойгоҳҳои бидуни тамошобин ва вазъияти фавқулодаи COVID-19 дар шаҳри мизбони Токио пас аз як соли ба таъхир гузоштани Олимпиада рух дод.

Ташкилкунандагони Токио-2020 ба дархости Ройтерз дар бораи шарҳи ҳайатҳои бидуни ниқоб фавран посух надоданд, аммо онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокуниши гуногун, аз хашм то танз, мувоҷеҳ шуданд.

"Фарзандони ман ишора карданд, ки ин кишварҳо ниқобҳои худро фаромӯш кардаанд",- хандид як корбари ҷопонӣ бо номи Панда Панда, дар ҳоле ки нафари дигар суол кард, ки оё кишварҳои Осиёи Марказӣ ёддошт дар бораи пӯшидани ниқобро фаромӯш кардаанд?

Савумӣ, Адма Штейнер, шӯхӣ кард, ки Туркманистон, як ҷумҳурии саввуми Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ, "ба майдон ниқоб пӯшида омад ва ба пушти Қирғизистону Тоҷикистон зарба зад".

Тирандозӣ дар мавзеи Қуммазори Исфара дар марз бо Қирғизистон

Сокинони мавзеи Қуммазори ҷамоати Чоркуҳи Исфара аз тирандозии марзбонони қирғиз ва оташкушоии ҷавобии сарҳадбонони тоҷик хабар доданд. Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми июл замоне рух додааст, ки сокинон барои поккории мавзеҳои истироҳатӣ рафтаанд. Дар ҳукумати ноҳияи Исфара ба Радиои Озодӣ рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, айни замон раиси шаҳр ва ҳамроҳонаш барои муайян кардани сабабҳои сар задани ин муноқиша ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Як сокини Исфара, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тирпароние, ки дар мавзеъи Қуммазор рух дод, ҳоло қатъ шудааст.

Ин сокин дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, "вақте сокинони Чоркуҳ ба мавзеи Қуммазор барои тозаву ба тартиб овардани ҷойҳои истироҳатӣ рафтанд, қирғизҳо монеъ шуданд. Ба сӯйи сокинон низомиёни қирғиз тир холӣ карданд ва марзбонони тоҷик ҳам ҷавоб доданд. Тирандозӣ беш аз 10дақиқа давом кард."

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи моҳҳои охир шоҳиди даргириҳои хунин шуд. Дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст. Додситониҳои ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст.

Хадамоти кашф сабаби ба бемории мармуз гирифтор шудани дипломатҳои Амрикоро меҷӯяд

Вилям Бернс, раиси Хадамоти иктишофии Амрико (СIA)

Вилям Бернс, раиси Хадамоти иктишофии Амрико (СIA) гуфт, ки ин ниҳод талошҳои худро, ҷиҳати муайян кардани сабаби ба бемории мармуз гирифтор шудани дипломатҳои ИМА-ро ба беморие, ки "Синдроми Гавана" гуфта мешавад, афзоиш додааст.

Ин беморӣ, ки боиси ранҷуриҳои гуногун, аз ҷумла чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, дарди сар ва аз даст рафтани ҳофиза мешавад "Синдроми Гавана" ном дорад, зеро он бори аввал соли 2016 дар сафорати ИМА дар Гавана пайдо шуда, даҳҳо дипломатҳоро мубтало кард. Аз он замон инҷониб, даҳҳо ҳолати гирифтории дипломатҳои ИМА ба ин бемории мармуз дар Чин, Русия, Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида шудааст. Ҳафтаи гузашта маъмурияти президент Ҷо Байден эълон кард, ки гузоришҳои афсарони иктишофӣ, дипломатҳо ва дигар шахсони расмиро дар Вена таҳқиқ мекуна, ки аз нишонаҳои Синдроми Гавана шикоят кардаанд.

Рӯзи 22-юми июл, Бернс дар суханрониаш гуфт, ки " ба эҳтимоли хеле қавӣ" сабаби бемории пайдошуда барқасдона аст ва афзуд шумораи маҳдуди "гумонбарон" қобилияти амалӣ кардани чунин амалиётро дар саросари ҷаҳон доранд. Бернс инчунин гуфт, як афсари баландпояро, ки амалиёти раҳбари «Ал-Қоида» Усома бин Лодинро сарварӣ мекунад, сарварии як гурӯҳи фаврии муфаттишони ин синдром таъин кард. Ҳайати мутахассисони тиб, ки дар ин амалиёт иштирок мекунанд се баробар афзоиш дода шуд.

Тоҷикистону Русия тарҳи созишномаи нафақаи муҳоҷиронро ниҳоӣ кардаанд

Тоҷикистону Русия дар мавриди пардохти нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расидаанд.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, лоиҳаи созишномае, ки ҳаҷми нафақаро танзим мекунад, барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст. Интизор меравад баъд аз имзо шудани ин созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ месупорад, бо расидан ба сини бознишастагӣ, метавонад ба нафақа умед бандад.

Тарҳи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони корӣ ҳанӯз ҳафт сол пеш ниҳоӣ шуда буд. Аммо ҷонибҳо то охир ба мувофиқа нарсиданд, Тоҷикистон мехоҳад Русия пули нафақаро ба оҷонсии нафақа гузаронад ва кишвар худ ба муҳоҷирони бознишаста нафақа диҳад. Русия ба ин шарт розӣ нашуда буд ва мехост худ нафақаи муҳоҷиронро пардозад.

Дар сурати имзои ин созишнома муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз ду даҳсола пеш оғоз ёфта буд ва ҳоло онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, танҳо нафақаи иҷтимоӣ мегиранд. Ҳоло ҳаҷми нафақаи иҷтимоӣ 187 сомониро ташкил медиҳад.

Мақомоти қазоқ гӯш кардани телефони роҳбарони он кишварро шарҳ доданд

Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон.

Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон хабари гӯш кардани телефони роҳбарон, фаъолон ва чанде аз рӯзноманигорони кишварашро шарҳ дод. "Душвор аст, ҳарфе гуфтан, вақте чизе рушан нест. Ба мо хабари пурсарусадое доданд, вале далеле пешниҳод накарданд ва акнун пешниҳод доранд, ки ба он бовар кунем", - гуфт Даврон Абаев.

Пештар аз ин ҳукумати Қазоқистон хабари истифодаи барномаи ҷосусии Pegasus-ро барои гӯш кардан ва хондани муколамаҳои чанде аз қазоқистониҳо "пуч" унвон карда буд.

Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) рӯзи 20 июл чанд тани дигарро аз Қазоқистон ба рӯйати барномаи ҷосусии "Pegasus" (Пегас) шомил кард. Дар ин рӯйхат ҳамакнун президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири он кишвар Асакар Мамин ва ҳокими шаҳри Алмато Бакитҷон Сагинтаев шомил ҳастанд. Дар ин рӯйхат дар ибтидо аз Қазоқистон панҷ кас шомил буданд - ду рӯзноманигор ва се фаъоли иҷтимоӣ.

Pegasus Project 17 созмони ғайридавлатӣ ва даҳҳо рӯзноманигорро муттаҳид мекунад, ки иттилои аз ширкати исроилии NSO Group беруномадаро омӯхтаанд. Ин иттилоъ аз рақами телефонҳое иборат аст, ки ба эҳтимоли зиёд тавассути барномаи ҷосусии Pegasus рахна шудаанд. Рахнасозии телефонҳоро ҳукуматҳои кишварҳои гуногуни дунё фармоиш додаанд. Тарҳи Pegasus Project ба иттилои ҷамъовардааш 18 июл шуруъ кард. Дар ҳоли ҳозир маълумот дар бораи рахна шудани телефонҳо 18 роҳбари кишварҳои дунё аз Аврупо, Африқо, Осиё ва Шарқи Наздик, аз ҷумла президентҳои Фаронса Эммануэл Макрон, шоҳи Марокаш Муҳаммади Шашум ва президенти Мексика нашр шудааст.

OCCRP менависад, ки рахна кардани телефони президент ва сарвазири Қазоқистонро эҳтимолан мақомоти худи Қазоқистон супориш додаанд.

Ба ҷуз аз Қазоқистон, ба иттилои пажуҳишгарон, барномаи Pegasus-и ширкати NSO Group-ро мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

Дар Узбекистон маъракаҳои интихоботи президентӣ оғоз шуданд

Интихобот дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон 23 июл қарор кард, ки маъракаҳои интихоботи президентии он кишвар оғоз карда шаванд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба раиси комиссия Зайниддин Низомхоҷаев иттилоъ доданд.

"Бар асоси банди 90 ва 117-и Конститутсияи Узбекистон тасмим гирифта шуд, маъракаҳои интихоботи президентии кишвар, ки қарор аст, 24 октябр баргузор гардад, аз 23 июл оғоз карда шаванд", - изҳор доштааст Низомхоҷаев дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд.

Тибқи Кодекси интихоботии Узбекистон, ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми президентиро ҳизбҳои сиёсие доранд, ки на дертар аз шаш моҳ пеш аз интихобот дар Вазорати адлияи он кишвар сабтином шудаанд.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Узбекистон дар интихоботи моҳи октябри имсол аз 20 август то 9 сентябр идома меёбад.

Ду ҳизб -- "Эрк" ба раҳбарии сиёсатмадори мухолиф Муҳаммад Солеҳ ва Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт", ки онро Хидирназар Аллақулов раҳбарӣ мекунад, талош карданд, барои иштирок дар интихоботи президентии Узбекистон худро сабти ном кунанд, вале аз Вазорати адлияи он кишвар борҳо ҷавоби рад гирифтанд.

Тоҷикистон барои назорати сарбанди кӯли Сарез дастгоҳҳои нав насб мекунад

Кӯли Серез, акс аз кайҳон. NASA

Тоҷикистон дар кӯли Сарез низоми нави огоҳсозӣ аз хатарро насб карданист, ки ба иттилои мақомот, арзиши он беш аз як миллион доллар аст.

Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл гуфт, ки "дастгоҳҳои низоми нави маниторинг ва огоҳсозӣ моҳи август дар кӯли Сарез насб хоҳанд шуд."

Ба қавли ӯ, дастгоҳҳои низоми нав бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд аз сӯи як ширкти итолиёвӣ дастрас шудааст. Насби дастгоҳҳо дар доираи тарҳи миллӣ оид ба мудирияти хатари фалокатҳои ногаҳонӣ, ки Бонки Осиёии Рушд онро маблағгузорӣ мекунад, сурат мегирад.

"Қаблан ҳам дастгоҳҳо буданд, вале ин дастгоҳҳо сад маротиба аз онҳо беҳтар аст, дар як муддати кутоҳ, мардумро аз фалокат, огоҳ мезозад",-афзуд, Эмомалӣ Иброҳимзода.

Кӯли Сарез соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, ҳудуди 17 миллиард метри мукааб об дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар сурати рахнашавии оби Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони дигар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯ ба рӯ мешаванд.

Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca туҳфа кард

Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca -ро ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристод.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бастаҳои ваксинаҳо тариқи ҳавопаймо аз Боку ба Душанбе интиқол ёфта, дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ ва тибқи нақша байни аҳолии кишвар тақсим мегардад.

Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар доираи барномаи COVAX зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca дарёфт карда буд. Ҳамчунин дар охири моҳи июн Чин ба Душанбе 300 ҳазор воя ваксинаи Коронавакро ройгон тақдим намуд. Тибқи омори расмӣ, то ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон беш аз 421 ҳазор нафар зидди бемории коронавирус эм карда шуданд.

Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломиро аз боздоштгоҳи Душанбе ба Хоруғ бурданд

Мақомоти тафтишотӣ рӯҳонии шинохта Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро барои таҳқиқи парвандааш, яъне гумони “Даъвати ифротгароӣ тариқи Интернет” (моддаи 307, қисми 1) аз Душанбе ба Хоруғ овардаанд.

Бо тасдиқи ин хабар як манбаъ дар Додситонии Хоруғ рӯзи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски иттиҳомоти мавриди тафтиш дар Язгулом ва Ванҷ рӯй додаанд, айбдоршаванда Қувватбеков як ҳафта пеш ба ин ҷо интиқол дода шуд ва то анҷоми тафтиш дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад.

Наздикони рӯҳонӣ мегӯянд, аз интиқол ёфтани Қувватбеков онҳоро огоҳ накардаанд ва айни ҳол дар борааш иттилое надоранд.

Қувватбек Қувватбеков бародари Абдуллобек рузи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯчондани рӯҳонӣ ба Хоруғ аз оғоз низ эҳтимол дошт, чунки мақомот ҳанӯз ҳангоми боздошташ гуфта буданд, ки парвандаро мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боз кардааст.

Ин манбаъ ҳамзамон меафзояд, Абдуллобек Қувватбеков аз замони боздошташ дар моҳи гузашта то ҳоло вакили мудофеъ надорад.

Қувватбек Қувватбеков мегӯяд, “фақат як маротиба ҳамроҳ бо писари Абдуллобек дар боздоштгоҳ бо вай мулоқот кардем, вале ҳеҷ натавонистем суҳбати озод кунем ва фаҳмем, ки чӣ масъала аст. Дар вақти суҳбати мо се намояндаи тафтишот ҳузур дошт, фақат аҳволпурсӣ кардем тамом."

Абдуллобек Қувватбеков, рӯзи 18-уми июн ҳамроҳи бародараш Иззатулло Қувватбеков дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд ва баъди як ҳафта Иззатулло раҳо карда шуд.

Пас аз раҳоии яке аз бародарон, мақомот муҳлати ҳабси Абдуллои Язғуломиро барои ду моҳи дигар дароз карданд ва ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии рақами аввал (СИЗО) интиқол додаанд.

Дар авохири моҳи гузашта дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ, зодгоҳи Абдуллобек Қувватбеков чанд сокин барои раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ кардаанд. Як тан аз сокинони ноҳияи Ванҷ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки эътирозгарон аз тарафи кормандони милиса пароканда шуданд ва се нафар аз онҳо боздошт шудаанд, вале пас аз се рӯз раҳо шуданд.

Дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, онҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, Мавлавиро раҳо кунанд.

Ба гуфтаи Қувватбеков гурӯҳи 8-нафараи кормандони мақомоти интизомӣ субҳи рӯзи 18-уми июн ба манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ омада ӯро ҳамроҳи бародараш Иззатулло ва бо китобҳои мазҳабиву динӣ ва 80 ҳазор доллар маблағ бо худ бурданд.

“Чанд нафар хонаро тагуру карданд ва ҷуз Қуръон китобҳои дигари диниро ҷамъ карданд ва пулеро, ки бародарам барои фарзандонаш мехост, дар Душанбе хона харад, 80 ҳазор доллар ҳам гирифтанду бо ҳардуи бародарам бурданд”, -- иброз дошт Қувватбеков.

Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои пуршӯри динӣ ва даъватҳои ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.

Раиси Бонки миллӣ гуфт, қарзҳои ду бонки муфлисшуда назди муштариён коҳиш ёфтааст

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон -- "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" беш аз 52 дарсади маблағҳои амонатгузоронро баргардониданд. Ҳоким Холиқзода рӯзи 22-юми июн зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳамакнун шумораи амонатгузорони "Тоҷиксодиротбонк" аз 56 ҳазор нафар то наздики шаш ҳазор нафари ҳозира, яъне қариб 10 маротиба коҳиш ёфта, қарзи умумии "Агроинвестбонк" назди муштариён аз 2,4 миллиард сомонӣ то 1, 38 миллиард сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ин ду бонки як замон азим ва ба истилоҳ "низомсоз", соли 2015 дучори буҳрон гашта, дар пардохти амонатҳои мардум оҷиз монданд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 барои наҷоти ин ду бонки дучори мушкил беш аз се миллиард сомонӣ қарз дод, аммо мушкили ин бонкҳо ҳал нашуданд.

Чин нахост, фарзияи хуруҷи коронавирус аз озмоишгоҳи Вуҳон санҷида шавад

Озмоишгоҳи вирусшиносии шаҳри Вуҳани Чин.

Мақомоти Чин аз ҳамкорӣ дар рафти таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи манбаи хуруҷи коронавируси нав даст кашиданд.

Қарор буд, дар марҳалаи дувуми тафтишот фарзияи хуруҷи коронавируси нав аз озмоишгоҳе дар Вуҳони Чин санҷида шавад. Пекин ин фарзияро комилан рад карда, пешниҳод дорад, ки фарзияи аз хориҷ ба Чин ворид кардани вирус таҳқиқ карда шавад.

Хабаргузории Reuters навишта, ки мақомоти Чин рӯзи панҷшанбе аз иштирок дар марҳалаи дувуми тафтишот даст кашидаанд. "Нақша ақли солимро нодида гирифта, ба илм таҳдид мекунад", - иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханҳои муовини раиси Кумитаи давлатии Чин оид ба умури тандурустӣ ва беҳдоштӣ Сзеня Исиня.

Пажуҳишгарони байналмилалӣ мебоист, дар рафти марҳалаи дувуми таҳқиқот ба бозору озмоишгоҳҳои Вуҳон, ки аз онҷо вирус ба тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст, дастрасӣ пайдо кунанд.

Фарзияи хуруҷи коронавируси нав аз озмоишгоҳе баъди паҳншавии беморӣ ба миён омад. Ҷонибдорони фарзия назари худро ба он асоснок мекунад, ки дар Вуҳон яке аз бузургтарин марказҳои пажуҳишии коронавирусҳо мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар он шаҳр вируси "SARS", ки ба коронавируси нав - COVID-19 наздик аст, омухта мешавад.

Нашрияи The Wall Street Journal моҳи майи имсол бо истинод ба санадҳои махфии мақомоти иктишофии Амрико навишт, ки се донишманди Маркази вирусшиносии Чин моҳи ноябри соли 2019, пеш аз паҳншавии коронавируси нав сахт бемор шуданд. Телевизиони Fox ҳам моҳи апрели соли 2020 гузориш дод, ки нахустини шахси мубтало ба COVID-19 корманди озмоишгоҳ буд.

Додситонии Туркия хост, Орхан Инандӣ то 22,5 сол зиндонӣ шавад

Орхан Инанди дар Қирғизистон нопадид шуд.

Додситонии шаҳри Анқараи Туркия барои президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" дар Қирғизистон Орхан Инандӣ аз 15 то 22,5 соли зиндон талаб кард.

Ба иттилои расонаҳои туркӣ, Инандӣ ба "идораи созмони мусаллаҳи террористӣ" айбдор мешавад. Расонаҳои Туркия навиштанд, ки Орхан Инандӣ гӯё дар рафти бозпурсӣ айби эъломшударо эътироф кардааст.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи 5 июл хабар дода буд, ки Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орхан Инандӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

Дар Узбекистон се наврас ронандаи таксиро бераҳмона куштаанд

Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фарғонаи Узбекистон чаҳор нафареро дастгир карданд, ки ба куштори бераҳмонаи ронандаи 45-солаи таксӣ айбдор мешаванд. Се нафари онҳо наврас мебошад.

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Куштори барқасдона бо маслиҳати пешакӣ" ва "Ғоратгарӣ, ки боиси расонидани зарари сахти ҷисмонӣ мешавад", парванда боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар, аз ҷумла се навраси аз 16 то 17-сола шаби 20 июл, тақрибан соатҳои 2:00 маслиҳат кардаанд, ки таксиеро даъват карда, ба ҷои беодам мебаранд ва ронандаи онро кушта, амволашро ғорат менамоянд. Онҳо ба ширкати Eva Taxi дар Фарғона занг зада, барои рафтан ба ноҳияи Кувин таксӣ фармоиш додаанд.

Соати 2:58 ба назди онҳо ронанда А. А. (соли таваллудаш 1975) бо мошини навъи Nexia-3 ҳозир шуда, барои интиқоли гумонбарон то ба обанбори "Каркидон" розӣ шудааст. Ҳангоми наздик шудани мошин ба заминҳои хоҷагии деҳқоние онҳо ба ронанда ҳамла карда, ӯро куштаанд.

Гумонбарон мошин, 50 ҳазор сӯм ва телефони "Xiaomi Mi Note Pro"-и ронандаро рабудаанд.

Насрин Сутуда барои панҷ рӯз аз зиндон раҳо шуд

Насрин Сутуда

Насрин Сутуда, ҳомии ҳуқуқи башар дар Эронро, ки се сол боз зиндонист, барои муолиҷа панҷ рӯз аз маҳбас ҷавоб додаанд. Ин иқдом пас аз он рӯйи даст гирифта шуд, ки дар бораи бад шудани вазъи саломати ӯ дар зиндон гузоришҳо нашр шуд.

Ризо Хандон, шавҳари Насрин Сутуда, дар бораи озодии муваққатии ӯ хабар дод. Фаъолони эронӣ бо нигаронӣ аз вазъи саломати Насрин Сутуда, хоҳони раҳоии ӯ аз зиндон шуданд.

Сутуда бо гуноҳи ҷосусӣ, таблиғоту тавҳин ба зидди раҳбари олии Эрон дар соли 2018 ба 38 сол зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум шуд.

Ӯ дар охирҳои соли гузашта барои муддати кӯтоҳ аз банд раҳо гардид, вале дар аввали соли 2021 дубора ба зиндон рафт.

Толибон иддао доранд, ки 90% аз марзҳои Афғонистон ба дасти онҳост

Сухангӯйи гуруҳи Толибон рӯзи 22-юми июл ба расонаҳои Русия гуфтааст, Толибон 90 дарсад аз марзҳои Афғонистонро дар ихтиёр доранд.

Дар ҳоле ки берун рафтани нерӯҳои хориҷии зери раҳбарии Амрико аз Афғонистон дар остонаи анҷомёбист, ҷангҷӯён дар саросари ин кишвар ба "пешрафтҳои худ" идома медиҳанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, "марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистон ва Эрон, ё тақрибан 90 дарсади сарҳадҳо, таҳти назорати мо ҳастанд." Тасдиқи мустақилонаи ин иддао феълан номумкин аст.

Даъвои Муҷоҳид як рӯз баъди он садо дод, ки генерали амрикоӣ гуфт, Толибон нисфе аз тақрибан 420 маркази ноҳияҳои кишварро зери назорат доранд. Марк Милли, раиси ситоди муштараки артиши Амрико, 21-уми июл гуфт, "пирӯзии ҷангҷӯён аз эҳтимол дур аст”.

Илова ба ин, Милли гуфт, ҷангҷӯён ҳеч яке аз шаҳрҳои асосии Афғонистонро зери назорат надоранд ва нерӯҳои ҳукуматӣ барои муҳофизат аз сокинони шаҳрҳои бузург "муттаҳид мешаванд".

Вазорати адлия хост, Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус баста шавад

Борис Гаретский, муовини раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус

Вазорати адлияи Беларус дар пасманзари афзоиши фишорҳо ба расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош дорад, ки Иттиҳоди рӯзноманигорони он кишварро бандад.

Ин ниҳод 21-уми июл аз Додгоҳи олии Беларус расман дархост кардааст, ки Иттиҳоди рӯзноманигорони он кишварро барои "батакрор поймол кардани қонун" барҳам диҳад.

Дархости мазкур пас аз он сурат гирифта, ки мақомоти Беларус як ҳафта пеш дафтари Иттиҳоди рӯзноманигоронро кофтукоб ва 20-уми июл ҳисобҳои бонкии онро бастанд.

"Маълум аст, ки ин як маъракаи шадиди таъқибгароёна ба зидди Иттиҳод мебошад", -- гуфтааст муовини раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус Борис Гаретский.

Вазорати адлияи Беларус дархости худро чунин шарҳ дода, ки Иттиҳод талаботро дар бораи пешниҳоди як қатор санадҳои марбут ба иҷораи коргоҳҳояш иҷро накард. Аммо масъулони Иттиҳод мегӯянд, вазорат ба онҳо вақти кофӣ надод, то санадҳоро омода ва пешниҳод кунанд.

Дархости барҳам додани Иттиҳоди рӯзноманигорон дар пасманзари афзоиши фишори Минск ба расонаҳои мустақил сурат мегирад. Ба иттилои Иттиҳод, дар давоми як ҳафтаи охир дар Беларус 66 коргоҳи расонаву хонаи рӯзноманигор кофтукоб ва 32 хабарнигор ҳабс шудааст.

Дар Қирғизистон эмкунии сокинон бо ваксинаи AstraZeneca оғоз шуд

Пизишкон дар Қирғизистон рӯзи 22-уми июл эмкунии сокинонро бо ваксинаи AstraZeneca оғоз карданд.

Гулбара Ишенаписова, як масъули Вазорати тандурустии Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки қарор аст, охирҳои моҳи июл дар доираи барномаи COVAX 220 ҳазор моя ваксинаи AstraZeneca бигиранд.

Пештар Озарбойҷон ҳамчун кумаки башардустона ба Қирғизистон 40 ҳазор моя ваксинаи AstraZeneca дода буд. То ин дам сокинони Қирғизистон бо ваксинаҳои Sinopharm ва Sputnik V зидди коронавиру эм мешуданд.

Захираи Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба беш аз 1 миллион моя мерасад. Қирғизистон эмкунӣ ба зидди коронавирусро 29-уми марти соли равон оғоз кард ва то ҳол беш аз 391 ҳазор шаҳрванди он кишвар ваксина гирифтаанд.

Коргардони маросими ифтитоҳи Бозиҳои Токио барои шӯхияш дар бораи Ҳолокост барканор шуд

Вазири олимпии Ҷопон, Сэйко Ҳашимото

Коргардони маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токио Кэнтаро Кобаясӣ дар пайи баҳсҳо атрофи як шӯхияш дар мавзӯи Ҳолокост дар соли 1998, ки сабти он ахиран дар Интернет нашр гашт, аз мақоми худ барканор шуд.

Дар ин бора кумитаи тадорукотии Бозиҳои олимпӣ дар Токио хабар дод.

"Тавре маълум шуд, Кобаясӣ дар гузашта дар баромадҳояш як қисмати ғамангези таърихро масхара кардааст", - гуфт вазири олимпӣ Сэйко Ҳашимото. Худи коргардон барои суханҳои 30 сол пешаш узр пурсида, эътироф кардааст, ки ҳарфҳои ӯ номуносиб буданд ва пушаймон аст.

Дар Интернет ахиран наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад Кобаясӣ дар ҳайати гуруҳи ҳаҷвнигор пешниҳод мекунад, ки Ҳолокостро "бозӣ кунанд". Вай коғазпораҳоеро, ки дар онҳо акси намояндагони қурбониёни қатли ом кашида шудааст, ба ҳар тараф мепартояд.

Чанд рӯз пеш оҳангсози маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ Кэйго Оямадаи 52-сола ҳам аз мақомаш истеъфо дода буд. Ин тасмими Оямада ба як мусоҳибааш рабт дошт, ки дар он мегӯяд, дар айёми мактабӣ ҳамсинфони маъюбашро масхара кардааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG