Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати садҳо нафар дар дафни ҷавоне дар Молдова


Садҳо нафар ҷавонон дар маросими дафни ҷавоне ширкат карданд, ки дар марзи ҷумҳурии ҷудоихоҳи Приднестровие кушта шуд. Вадим Писар, ки 19 сол дошт, дар гузаргоҳи марзӣ аз тири посдорони сулҳи Русия ба қатл расид. Дар маросими дафн шаҳрдори Кишинёв-пойтахти Молдова аз Русия интиқод кард ва гуфт, ки Русия мехоҳад бо ваъдаҳои худ дар бораи гази арзон нуфузи худро дар Молдова нигаҳ дорад. Дар Приденесровие Русия 1 200 нафар низомиёни худро мустақар кардааст, то онҳо иншооти низомӣ ва амборҳои аслиҳаву муҳимоти Русияро посбонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG