Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз иҷро нашудани қонуни манъкунандаи қиморхонаҳо дар Қирғизистон


Гурӯҳи панҷоҳнафараи сокинони Қирғизистон имрӯз дар муқобили ҳукумати кишвар дар Бишкек бо талаби иҷро шудани қонуни нави манъкунандаи қиморбозӣ ҷамъ шуданд. Қонуни манъкунандаи фаъолияти қиморхонаҳо дар Қирғизистон бояд аз 1 январ ба иҷро медорамад, аммо, бар тибқи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, бо гузашти чанд рӯз аз соли нав, дар бархе маконҳои пойтахт ҳамоно ин муассисаҳо фаъол ҳастанд. Бар тибқи қонуне, ки моҳи ноябр қабул шуд, фаъолияти қиморхонаҳо дар қаламрави кишвар, ба вижа дар шаҳрҳҳои марказӣ манъ шудааст. Вале ин қонун ҳудудан 15 ҳазор кормандони ин соҳаи сердаромади тафреҳиро ба сафри бекорон шомил кард. Бар тибқи омори расмӣ, қиморхонаҳо соле то 11 миллион доллар даромади буҷаи кишварро ташкил мекарданд.
XS
SM
MD
LG