Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабе дар Афғонистон панҷ нафарро кушт


Мақомоти Афғонистон имрӯз гуфтанд, ки дар паи таркиши як маргталаби савори мотосикл дар посгоҳи полис дар шаҳри ҷанубии Қандаҳор чаҳор мулкӣ ва як афсари полис кушта шуданд. Генерал Абдураззоқ, раиси полиси вилояти Қандаҳор гуфт, ки дар натиҷаи таркиш инчунин 16 нафар, аз ҷумла се афсари полис ва шаш кӯдак осеб диданд.
XS
SM
MD
LG