Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳавои борониву барф дар назар дошта шудааст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар саросари Тоҷикистон бориш дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбе борон, рӯзона ҳаво 5-8 дараҷа гарм мешавад.
Хуҷанд борон, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш то наздикии шом борон меборад. Ҳаво рӯзона 9-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар Кӯлоб ҳаво боронист ва рӯзона 8-11 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар Хоруғ барф меборад. Нисфирӯзӣ барф ба борон табдил мешавад. Вале бо наздик шудани шом борон боз ба барф табдил меёбад. Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа гарм то 3 дараҷа сард мешавад. Шабона то 8 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG