Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Ситамгарони Саҳаргулро ҷазо диҳед"


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, аъзои хонаводае, ки арӯси ноболиғи хонаводаро ним сол бо бераҳмии хосе азобу шиканҷа кардаанд, боздошт хоҳанд шуд. Баъди мулоқот бо мақомоти интизомӣ Ҳомиди Карзай гуфт, ҳар касе, ки Саҳаргули 15-соларо азоб додааст, бояд ҷазои сазовор бигирад. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки бо Саҳаргул сӯҳбат дошт мегӯяд, ӯро аъзои хонаводаи шавҳараш дар вилояти Бағлон шаш моҳ дар таҳхона нигаҳ дошта ва мӯи сару нохунҳои ӯро кандаанд ва ангуштонашро шикастаанд. Ба гуфтаи Саҳаргул, аз ӯ мехостанд, ба роҳи бад равад.
XS
SM
MD
LG