Хадамоти матбуоти идораи додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, имрӯз дар шаҳри ҷанубу марказии Қизилӯрда як фарди мутттаҳам бо терроризм ба қатл расид. Дар изҳороти додситонӣ омадааст, ки Эрик Аёзбоеви чилсола-яке аз фаъолони гурӯҳи террористии зери раҳбарии Оқҷон Ҳасен будааст. Ба навиштаи додситонӣ Аёзбоев афсарони амниятиро ҳадафи тир қарор дод, вале дар табодули оташ ба қатл расид. Ҳасен бошад, 3-уми декабр бо як пайрави дигараш дар деҳаи Боралдаи вилояти Алмаатои Қазоқистон кушта шуда буд.