Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТУ-134 ба таври изтирорӣ дар шаҳри Ӯш фуруд омад


Ҳавопаймои ТУ-134 маҷбур шуд, ки ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизитсон фуруд ояд.Бар асари ин ҳашт нафар,ки ҳафт нафарашон кӯдаконанд, маҷрӯҳ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба хадамоти ёрии таъҷилии шаҳри Ӯш иттилоъ дод, ки вазъи ягона калонсоли дар ин ҳодиса осебдида вазнин аст.

Ҳавопаймо бо 73 мусофир аз шаҳри Бишкек ба Ӯш парвоз мекард. Сабабҳои садама тафтиш мешавад ва аммо гуфта мешавад, ки сабаби аслӣ – ҳавои абрӣ дар фурудгоҳи Ӯш аст.
XS
SM
MD
LG