Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хотираи Бҳутторо гиромӣ медорад


Аз замони сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто, пешвои мухолифини давлат дар Покистон 4 сол гузашт. Ӯ дар натиҷаи як тирандозӣ ва ҳамлаи бобмгузори маргталаб дар як ҷамъомад пас аз интихоботӣ дар рӯзи 27 декабри соли 2007 дар шаҳри Равалпиндӣ кушта шуд. Шавҳари ӯ ва раиси ҷумҳури феълии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, дар зодгоҳи Беназир Бҳутто, Ғори Худобахш дар ҳузури садҳо тарафдори Ҳизби мардумии Покистон суханронӣ хоҳад кард. Дар баёнияе Осиф Алӣ Зардорӣ гуфтааст, беҳтарин роҳи гиромидошти хотираи Беназир Бҳутто, “ҳифзу нигаҳдошти демократия ва ниҳодҳои демократии Покистон ва эмин нигаҳ доштани онҳо аз ҳаргуна дасисаҳост.”
XS
SM
MD
LG