Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсария ба обрасонии Тоҷикистон &12,3 миллион медиҳад


Ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагии Шветсария дар бораи гузоштани як қарзи 12,3 миллион долларӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарордоде имзо карданд. Ин маблағ барои беҳбуди шабакаҳои обрасонии Тоҷикистон ба масраф хоҳад расид. Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар қарордод имзо гузоштааст мегӯяд, ки тибқи қарордод ин маблағҳо барои беҳбуди шароити обрасонӣ дар 7 шаҳри Тоҷикистон ба масраф хоҳад расид ва сокинони ин шаҳрҳо бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG