Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷоҳидини Халқи Эрон урдугоҳи Ашрафро тарк мекунанд


СММ бо ҳукумати Ироқ дар бораи ихроҷи Муҷоҳидини Халқи Эрон аз урдугоҳи Ашраф мувофиқатнома имзо карданд. Созмони Муҷоҳидини Халқи Эрон аз солҳо пеш дар шимоли шарқи Ироқ дар ин урдугоҳ ба сар мебаранд. Онҳо бо ҳукумати Эрон дар мухолифат қарор доранд. Дар эъломияе, ки шоми рӯзи якшанбе намояндагии СММ дар Ироқ ба нашр расонд, гуфта мешавад, ки тибқи қарордод ҳукумати Ироқ сокинони ин урдугоҳро ба маҳали зисти муваққат интиқол хоҳад дод. Аз ин маҳали зисти муваққат ном бурда нашудааст. Дар урдугоҳи Ашраф ҳудуди 3 400 нафар шаҳрвандони Эрон, ки бо режими ин кишвар хусумат доранд, ба сар мебаранд. Амрико аз тавофуқоти ҳукумати Ироқ ва СММ дар бораи урдугоҳи Ашраф истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG