Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод дар инфиҷоре 5 нафар кушта шуд


Имрӯз дар Бағдод дар натиҷаи инфиҷори мошини бамгузоришудае, ки дар назди бинои вазорати корҳои дохилаи Ироқ гузошта шуда буд, дастикам 5 нафар кушта шудаанд. Ду афсари пулис мегӯянд, ин мошин субҳ ҳангоме мунфаҷир шудааст, ки мардум ба кор мешитофтанд. Ба гуфтаи онҳо, дар миёни кушташудагон 4 корманди пулис ҳастанд ва 32 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе дар инфиҷорҳои Бағдод 60 нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG