Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, маъмурони амниятӣ дар як силсила амалиёт дар саросари кишвар 30 ситезаҷӯро куштанд. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, тайи 24 соати гузашта нерӯҳои артиш пулис ҳамроҳ бо сарбозони НАТО дар Афғонистон 11 амалиёт ба роҳ андохтанд ва ҳамчунин 7 ситезаҷӯи мусаллаҳро боздошт карданд. Ва дигар ин ки паймони НАТО гуфт, баъди ҳамла аз силоҳи сабук, як чархболи ин паймон осеб дида ва дар ноҳияи Наҳри Сараҷи вилояти Ҳилманд фуруд омадааст. Касе аз халабонҳо осеб надидаанд.