Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва кишварҳои пешгоми Аврупо дақиқаи сукут барои гиромидошти хотираи раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир дар Маҷмаи умумии Созмони Милалро бойкот карданд. Хабаргузории Франс-Пресс менависад, Британия, Фаронса, Олмон ва аксари 27 узви Иттиҳоди Аврупо низ ба ин бойкот шарик шуданд. Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал, Носир Абдулазиз, гуфт, эълони дақиқаи сукут як амали “протоколӣ” буд, ки Кореяи Шимолӣ дархост кард. Дипломатҳои ғарбӣ гуфтаанд, ин дархост “номуносиб” аст ва Шӯрои Амният онро рад карда буд. Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен рӯзи шанбе даргузашт. Кореяи Шимолӣ бино бар барномаи ҳастаияш зери таҳримҳои Шӯрои Амният аст.