Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 ҷасади муҳоҷири кории тоҷикро аз Маскав оварданд


21 декабр аз Маскав ҷасади 4 муҳоҷири кории тоҷик ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар додааст. Яке аз онҳо Рустам Норматови 32 сола сокини ноҳияи Восеъ аст, ки ба дасти афроди номаълум ба қатл расонда шудааст. Дигарӣ Маҳмадшо Шокирови 26 сола аз ноҳияи Рашт, севвумӣ Исроил Раҷабови 32 сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ва чаҳорумӣ Абдулвоҳид Ҷумаеви 38 сола аз шаҳри Қурғонтеппа будаанд. Ду нафари охирӣ аз беморӣ даргузаштаанд. Дар давоми соли 2011 аз Русия ҷасади 818 муҳоҷири тоҷик ба ватан оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG