Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шиддат миёни Фаронса ва Туркия


Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Шиддат дар муносибатҳои байни Фаронса ва Туркия дар ҳоли афзоиш аст. Қонунгузорони Фаронса тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, бино бар он радди наслкушӣ ё генотсид будани қатли зиёда аз миллион арманӣ аз тарафи туркҳо дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии аввал ҷиноят шумурда хоҳад шуд. Палатаи поёнии порлумони Фаронса ин тарҳо имрӯз баррасӣ мекунад. Туркия гуфтааст, тасвиби ин тарҳ равобити дуҷонибаро вайрон хоҳад кард. Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, вай яке аз чанд чораи зидди Фаронсаро имрӯз эълом хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG