Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи "Манас" ба Қирғизистон 1,4 миллиард доллар овардааст


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, пойгоҳи ҳарбии он дар Қирғизистон дар даҳ сол ба иқтисодиёти қирғиз 1 миллиарду чаҳорсад миллион доллар сармоя овард. Дар расми солгарди даҳуми ифтитоҳи Маркази Транзитии “Манас” сафири Амрико дар Қирғизистон Памела Спратлен инчунин гуфт, пойгоҳ дар ҷанги зидди терроризм дар Афғонистон нақши муҳим доштааст. Дар як даҳа наздик ба 2 миллион сарбози Иёлоти Муттаҳида ба воситаи ин марказ сафар кард ва ҳавопаймоҳои бензинкаш барои расондани сӯхт ба ҷангандаҳо дар ҷараёни амалиёт аз ҳамин ҷо парвоз кардаанд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Атамбоев гуфтааст, Бишкек ба қарордоди феълии иҷораи пойгоҳ то поёни мӯҳлати он дар моҳи июни соли 2014 содиқ аст, аммо эҳтимол дорад, онро дароз накунад.
XS
SM
MD
LG