Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Думаи давлатӣ раҳбарони парлумонро интихоб мекунад


Имрӯз вакилони ҳайати нави Думаи давлатии Русия дар нахустин нишасти худ ҷамъ омаданд. Таври маъмул, ҷаласаро вакили кӯҳансолтарин – намояндаи ҳизби “Русияи воҳид” ва собиқ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Долгих ифтитоҳ кард.

Вакилон бояд раҳбарони палатаи поёнии парлумонро интихоб кунанд. Ба мақоми раиси Думаи давлатӣ чаҳор нафар – намояндаи “Русияи воҳид” Сергей Наришкин, вакил аз Ҳизби комунист Иван Мелников, раиси Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский ва раҳбари “Русияи боадолат” Сергей Миронов пешбарӣ шудаанд.

Имрӯз дар канори бинои Думаи давлатӣ, беш аз 20 нафаре боздошт шуданд, ки мехостанд алайҳи тақаллуб дар интихоботи парлумонӣ намоиши эътирозӣ доир кунанд. Фаъолони ҷунбиши “Русияи дигар” ба вакилони Дума супурдани мандатҳои депутатиро пешниҳод карданӣ буданд. Онҳо натоиҷи интихоботро тақаллубӣ ва худи Думаи давлатиро ғайриқонунӣ эълон карданд. Кормандони полис ва ОМОН аз баргузории намоиши эътирозӣ ҷилавгирӣ карданд.
XS
SM
MD
LG