Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати мошинсозии СААБ варшикаста шуд


СААБ, ширкати мошинсозии дармондаи Шветсия, имрӯз расман эълом кард, ки варшикаста мешавад. Шӯрои мудирони СААБ гуфт, гурӯҳи чинии Youngman аз сармоягузорӣ ба СААБ даст кашидааст ва аз ин рӯ ба суди қарздиҳандаҳои ширкат аст, ки онро “варшикаста” эълом кунанд. Ширкати мазкур аз чанд соли пеш то кунун ба мушкилоти молӣ гирифтор буд ва бузургтарин корхонаи он дар шаҳри Тролҳаттени Шветсия аз моҳи апрел ба ин сӯ кор намекард ва 3400 коргараш музди кори думоҳаи худро нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG