Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти раҳбари Кореяи Шимолӣ, Ким Чен Ир


Ким Чен Ир
Ким Чен Ир

Телевизиони Кореяи Шимолӣ дар як "нашри махсус" эълон кард, ки раҳбари ин кишвар Ким Чен Ир дар Пхенян фавтидааст.

Вай 69 сол дошт. Хабар дар ҳоле нашр шуд, ки Ким ҳанӯз рӯзи 17-уми декабр ҳангоми сафар дар қатори роҳи оҳан даргузаштааст. Ҳарчанд сабаби дақиқи марги ӯ эълон нашудааст, телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ гуфт, Ким аз кори зиёди ҷисмонӣ ва фикрӣ фавтидааст.

Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд, ки нерӯҳои ҳарбии Шимол ба дунболи ин хабар ба ҳолати омодабош даромада, қарор аст, ҷаласаи изтирории ҳукумат баргузор шавад.

Гуфта мешуд, Ким дар соли 2008 сакта дидааст, вале таҳлилгарон сафарҳои охири ӯ ба Чин ва Русияро далели беҳбуди саломатияш мешумурданд. Раҳбаре, ки гуфта мешуд, ба сигор, коняк ва таомҳои лазиз одат дошт, аз бемории диабет ва дил азият мекашид.

Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки раванди интиқоли қудрати давлатӣ аз Ким ба писараш Ким Ченг Ун оғоз ёфта буд. Ким Чен Ир қудратро аз падараш, бунёдгузори Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен, пас аз марги ӯ дар соли 1994 мерос гирифта буд.

Ашкҳое, ки барои Ким Чен Ир рехта мешаванд...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG