Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба узвияти СҶТ медарояд


Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат тасмим гирифтааст, ки рӯзи ҷумъа баъд аз 18 соли музокира Русияро ба узвияти ин созмон бипазирад. Қарор аст Русия дар мулоқоти вазирон дар Женева дар ин бора даъватнома дарёфт кунад. Русия охирин кишвари бузурги иқтисодист, ки берун аз ин созмон мондааст. Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, Русия аз узвият дар ин созмон суд мебарад:

“Русия ба узвияти ин созмон бо назардошти шароите медарояд, ки ба манофеи миллиаш ҷавобгӯ бошад. Шароит барои беҳбуди фаъолиятҳои тиҷоратӣ, вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ, афзоиши содироти Русия ҳамзамон бо ҳимоят аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии мо фароҳам меояд”.

Русия аз соли 1993 барои даромадан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат талош мекард, вале музокироти узвият ба таъхир меафтод.
XS
SM
MD
LG