Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали қирғизро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд


Мурод Суталинов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро, ки дар ба таври ногаҳонӣ дар муҳокимаи додгоҳиаш ҳозир шуд, ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Генерал Мурод Суталинов, баъди тазоҳуротҳои оммавии моҳи апрел, ки бо суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев анҷомид, нопадид шуда буд. Ӯро ҳамроҳ бо 27 нафари дигар аз атрофиёни раиси ҷумҳури собиқ Боқиев бо иттиҳоми судури амри қатли даҳҳо тазоҳургар дар ғайбаш муҳокима мекарданд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, то кунун маълум нест, ки Суталинов дар куҷо пинҳон буд, вале ба вакили дифоъаш ӯ довталабона ба муҳокима ҳозир шудааст.
XS
SM
MD
LG