Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ фардо аз бемористон рухсат хоҳад шуд


Интизор меравад, раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ рӯзи панҷшанбе аз бемористони Дубай рухсат шавад. Дафтари Зардорӣ аз қавли табибон хабар дод, ки кулли ташхисҳои тиббӣ вазъи саломати ӯро «дар сатҳи муқаррарӣ» нишон додааст ва ӯ бояд баъди бемористон «дар хона дам бигирад.» Гуфта намешавад, ки Зардорӣ ба Покистон бар хоҳад гашт ваё дар Дубай хоҳад монд, чунки хонаводаи ӯ дар инҷо низ манзил дорад. Сухангӯи ӯ Фарҳатуллоҳ Бобурӣ гуфт, ки Зардорӣ дар хонааш дар Дубай хоҳад монд. Зардории 56-сола аз аввали ҳафтаи гузашта дар Дубай табобат мегирад.
XS
SM
MD
LG