Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Меведев эълон кард, ки нахустин иҷлосияи ҳайъати нави Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар рӯзи 21 декабр доир хоҳад шуд. Ин тасмим имрӯз дар дидори Медведев бо раҳбарони ҳамаи 4 ҳизби ба Дума роҳёфта эълон шуд. Ин дар ҳолест, ки таҳқиқи мавридҳои тақаллуб дар интихоботи рӯзи 4 декабр ҳанӯз идома дорад. Медведев гуфт, паёми солонаашро рӯзи 22 декабр – 2 рӯз қабл аз раҳпаймоии мухолифин дар Маскав – ироа хоҳад кард. Ин охирин паёми ӯ ба ҳайси раисиҷумҳур хоҳад буд. Дар интихоботи моҳи марти раёсати ин ҷумҳурӣ сарвазир Владимир Путин қасди бозгашт ба ин мақомро дорад.