Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Маскав мехоҳанд пеши роҳи мактабиёну омӯзгоронро аз ширкат дар эътирозҳо бигиранд


Матбуоти Русия мегӯяд, ки мақомоти шаҳри Маскав мехоҳанд хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна дар намоиши эътирозии зидди натиҷаҳои интихобот ширкат накунанд. Мақомоти умури дохилаи Русия ба мухолифин иҷоза доданд, ки рӯзи шанбе намоиши сартосарии эътирозиро бо ширкати 30 ҳазор нафар ташкил кунанд. Гузоришҳо ҳокист, ки ба омӯзгорон ва шогирдони синфҳои болоии мактабҳои Маскав амр шудааст, ки то шом дар мактаб бошанд. Александра Ланская, модари ду тифли мактабхон дар Маскав дар сӯҳбат бо радиои «Эхо Москви» чунин гуфт:

- Маълум аст, ки чаро онҳо чунин мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки пеши роҳи кӯдаконро бигиранд, то дар канори волидонашон дар майдони Болотная дар Маскав рафта шиорпартоӣ накунанд ва садои онҳо шунида нашавад. Омӯзгорон, ки шояд мехоҳанд ин шиорҳоро ҷонибдорӣ кунанд, бояд ҳамчунин ҳамроҳи шогирдонашон сари кор бошанд. Маълум аст, ки ин ҷо чӣ гап аст.

Дар як изороташ дар ҳузури мақомоти полиси кишвар дар Маскав вазири умури дохила Рашид Нургалиев таҳдид кард, ки ҳама гирдиҳамоиҳои ғайримуҷоз пахш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG