Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Сафорати интернетии Амрико ноком мегардад


Вазорати умури хориҷии Эрон имрӯз гуфт, “сафорати интернетӣ”-и Иёлоти Муттаҳида бар мардуми Эрон пирӯз нахоҳад шуд. Сухангӯи ин вазорат Ромини Меҳмонпараст гуфт, ташаббуси Амрико “на иштибоҳоти онро ҷуброн мекунад ва на паёми онро ба мардуми Эрон мерасонад.” Иёлоти Муттаҳида рӯзи сешанбе торнамои форсиеро барои тамос бо мардуми Эрон роҳандозӣ кард, аммо корбарони интернет дар Эрон як рӯз баъдаш хабар доданд, ки дастрасӣ ба ин сафҳа дар кишваршон номумкин гаштааст. Кохи Сафед гуфт, ин бори дигар нишон медиҳад, ки ҳукумати Эрон ба сонсур такяи мезанад. Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аз соли 1979, пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG