Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсумой баъд аз бозпурсии полис худкушӣ кард


Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Андиҷони Узбакистон баъд аз чаҳор рӯзи бозпурсии полис Гулсумой Абдуҷалиловаи 32 сола худкушӣ кардааст. Гулсумой донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Олмон буд ва дар рӯзҳои таътил ба зодгоҳаш ба дидори хешовандонаш рафта буд. Вай миқдори зиёди қурс ё таблеткаҳоро фурӯ бурдааст ва он сабаби марг шудааст. Хонум Елена Урлаева-раиси созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башари Узбакистон ба радиои Озодӣ гуфт, Гулсумой ҳафтаи гузашта ба полис даъват шуд ва бозпурсии вай чаҳор рӯз давом кард. Ба гуфтаи Урлаева, Гулсумой мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор гирифтааст ва вайро маҷбур кардаанд, ки бар зидди Муҳаммад Солеҳ-раҳбари Ҷунбиши Мардумии Узбакистон баёния нависад. Гулсумой дар ёддошти қабл аз марги худ навишааст: “Онҳо маҷбур карданд, ки ман баъзе аз фаъолони мухолифонро ба қатл расонам. Вале беҳтар аст ман худамро бикушам, аз он ки ҷони каси дигареро бигирам”. Хешовандони Гулсумой мегӯянд, ки вай ҳеҷ гоҳ узви гурӯҳҳои мухолифон набудааст.
XS
SM
MD
LG