Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико натиҷаҳои интихоботи Русияро ғайриодилона хонд


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико аз интихоботи порламонии Русия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, интиқод кард ва онро ғайриодилона хонд. Вай зимни суханони худ дар Вилнюс дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои САҲА, ки кишварҳояшон бар ин интихобот назорат мекарданд, бори дигар интиқодоти худро такрор кард ва гуфт, райи интихобкунандагони Русия бояд мавриди таҳқиқ қарор бигирад, зеро райи онҳо дасткорӣ шудааст. Хонум Клинтон гуфт:

“Он гуна, ки мо дидаем, дар бисёр ҷойҳо ва ахиран дар интихоботи Думаи Давлатии Русия интихобот озод ва одилона набуд. Мо дар аз тарзи баргузории чунин интихобот сахт нигаронем”.

Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия дар пойтахти Литва дар ин мулоқот ширкат дошт. Ҳизби “Единая Россия”-и нахуствазир Владимир Путин қисмати аъзами курсиҳоро дар Думаи Давлатӣ ба даст овардааст. Вале мухолифон мегӯянд, дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд.
XS
SM
MD
LG