Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дубора барфпӯш аст


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз осмони шаҳри Душанбе абрист, кам-кам барф меборад ва то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд борон меборад ва 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво абриву боронист, ҳарорати ҳаво то 8 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ абрӣ шуда, рӯзона борон ва шом барф меборад. Ҳарорат то 2 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ рӯзона барф меборад ва аммо шомгоҳон ҳаво соф мешавад. Дар баъзе мавзеъҳо, аз ҷумла, дар Рашт то 9 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG