Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таниш"-и Исломободу Деҳлӣ. Ин бор барои акси Вина Малик


Вина Малик
Вина Малик

Акси бараҳнаи ситораи ҳунари синамои Покистон Вина Малик дар муқоваи як маҷаллаи Ҳиндустон боиси моҷарои нави лафзӣ миёни Деҳливу Исломобод шуд.

Дар ин акс, дар дасти чапи Вина бо ҳарфҳои калон ISI сабт шудааст. ISI ин номи кӯтоҳшудаи Хадамоти кашфи Покистон аст.

Ба навиштаи нашрияи покистонии Express Tribune, Суҳайл Рашид -- намояндаи Вина Малик, барои маҷаллаи ҳиндӣ акс гирифтани ҳунармандро рад карда ва гуфтааст, "Вина хеле хуб медонад, ки чӣ корро метавон кард ва чӣ корро не."

Аммо муҳаррири маҷаллаи FHM India изҳор намуд, ки номи ин намояндаи Вина Маликро бори аввал мешунавад ва маҷаллаи навори видеоӣ дар бораи ҷараёни аксгириро дар ихтиёр дорад. Зиёда аз ин, ба гуфтаи ӯ, худи Вина Малик дар бораи тағйир додани ин акс ва ё дар маҷалла ҷой надодани он муроҷиат накардааст.

Зимнан, бори аввал нест, ки ин ситораи ҳунар ва олиҳаи ҳусни Покистон дар маркази моҷароҳо қарор мегирад. Соли гузашта ӯ бо ширкаташ дар як намоиши пурмоҷарои телевизиони Ҳиндустон аз сӯи муҳофизакорони покистонӣ шадидан интиқод шуда буд.

Дар навори зер: Баҳси телевизионии Вина Малик бо муфтӣ Абдул Қавӣ



Моҳи марти солии равон бошад, Вина Малик дар як намоиши телевизионӣ бо рӯҳонии шинохта муфтӣ Абдул Қавӣ вориди бархӯрди лафзӣ шуд. Вина Малик дар посух ба интиқоди муфтӣ аз ҳирфаи ин ситораи саҳна ва барои кишвар беобрӯӣ будани ҳунараш гуфт, ки “баъзе рӯҳониёни исломӣ ба номуси шогирдони худ, ки ба онҳо дар масоҷид таълим медиҳанд, таҷовуз мекунанд... ва аз ин ҳам бадтар мекунанд. Покистон барои беобрӯӣ иллатҳое бештар аз Вина Малик дорад.”

Вина, номи аслияш Зоҳида, духтари як афсари бознишастаи артиши Покистон замоне ба “шоу-бизнес” рӯй овард, ки падараш гуфт, барои идомаи таҳсили ӯ сармоя надорад.

Ҷонибдорони Вина Малик ӯро барои пешгомиаш ситоиш мекунанд, дар ҳоле ки мунаққидонаш -- эътилофи рӯҳониёни муҳофизакор, миллатгароҳо ва афроди содиқ ба Толибон ва 13 ҳазор нафар дар сомонаи фейсбукии “Ман аз Вина Малик мутанаффирам” эътибори ахлоқии ӯро зери суол бурдаанд.
XS
SM
MD
LG