Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзӯъи Афғонистон боз дар Бонн баррасӣ мешавад


Ҳомид Карзай ва Кэтрин Эштон дар Бонн
Ҳомид Карзай ва Кэтрин Эштон дар Бонн
Имрӯз дар шаҳри Бонни Олмон роҳҳои рушди Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Қарор аст дар ин конфаронси байнулмилалӣ, ҳайатҳои 85 кишвар ва 16 созмони байнулмилалӣ ширкат кунанд.

Миёни ширкатдорон раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ва вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ низ ҳастанд.

Покистон ба нишони эътироз аз зарбаи ҳавоии НАТО, ки бар асари он дар марз бо Афғонистон 24 низомии кишвар кушта шуданд, аз ширкат дар конфаронси Бонн сарпечӣ кардааст.

Ҳомид Карзай дар арафаи нишасти Бонн дар сӯҳбат ба нашрияи олмонии “Шпигел” гуфт, ки кишвараш то соли 2024, яъне то замони фаъолияти мӯътадили полис, артиш ва сохторҳои давлатӣ, ба сармоягузории иловагӣ ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG