Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Клинтон аз қарори Шӯрои СММ


Акс аз бойгонӣ
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Сурия баъди маҳкум шудани саркӯбии эътирозҳояш аз сӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар инзивоъи боз ҳам бештар қарор мегирад. Клинтон гуфт, Амрико бо ҳимоят аз талошҳои ин Шӯро барои ифшои мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон аз сӯи режими Башор Асад дар амри ба масъулият кашонидани поймолкунандагони ҳуқуқи инсон низ кумак хоҳад расонд. Ин ниҳоди иборат аз 47 узв бо аксари оро аз тарҳи қатъномаи пешниҳодии ИА, ки нақзи “дағалона ва доим”-и ҳуқуқи башар дар Сурияро маҳкум мекунад, пуштибонӣ кард. Танҳо 4 кишвар, бо шумули Русияву Чин, алайҳи ин қарор райъ доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG