Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон бо Аун Сан Су Чжи мулоқот кард


Раҳбари мухолифини Мянмар, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи изҳори умедворӣ кард, ки робитаҳои Амрико бо кишвараш ба дигаргуниҳои демократӣ дар Мянмар мусоидат хоҳанд кард.

Изҳороти ӯ баъд аз музокироташ бо вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон пахш шуд. Хонум Сан Су Чжи сафари Клинтон ба Мянмарро «лаҳзаи таърихӣ» номид.

Ӯ ҳамчунин эълом дошт, ки ҳизбаш – Лигаи миллӣ барои демократия дар интихоботи навбатии парлумонӣ ширкат мекунад. Ин ҳизб дар интихоботи соли 1990 пирӯз шуда буд ва аммо режими низомии Мянмар натоиҷи интихоботро лағв карда буд.

Сафари як мақоми баландпояи ИМА ба Мянмар – нахустин дар беш аз 50 соли ахир аст. Бист соли ахир бошад, Вошингтон алайҳи Мянмар барои нақзи ҳуқуқи башар таҳримҳо ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG