Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи даври аввали интихоботи Миср эълон мешавад


Қарор аст имрӯз натоиҷи расмии марҳалаи аввали интихоботи парлумонии Миср эълон шавад, ки дар он Ҳизби озодӣ ва адолат пешсаф аст. Ин ҳизб, ки аз гурӯҳи қаблан мамнӯъи Ихвон-ул-муслимин намояндагӣ мекунад, шонси дарёфти 45 дар сади курсиҳои парлумонро дорад.

Ҳизби нави «Ал-Нур», ки ба он пайравони ҷараёни Салафия шомиланд, шояд то 20 дар сади мандатҳоро соҳиб шаванд.

Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА, дар робита ба интихоботи парлумонии Миср гуфт, ки "ҳама олам аз осоишта гузаштани раъйдиҳӣ дар Миср тасхир шуд ва мо бесаброна идомаи онро интизорем". "Ин роҳи интихобкардаи мардуми Миср аст. Ин раванди мушкил аст, аммо даври аввали раъйдиҳӣ умедворкунанда буд", афзуд Марк Тонер.

Нахустин баъд аз барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак интихоботи парлумонӣ дар миср рӯзи 28 ноябр шурӯъ шуд. Интихобот дар чанд марҳала мегузарад ва моҳи март поён меёбад.
XS
SM
MD
LG