Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи саҳом баъд аз тасмими бонкҳои марказӣ боло рафт


Бозори саҳоми Dow Jones дар Амрико аз моҳи марти соли 2009 бори аввал ба бузургтарин афзоиш расидааст ва 500 воҳид боло рафтааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз бонкҳои марказии ҷаҳон нархи долларро барои Бонки Марказии Аврупо поин бурдаанд. Тасмими бонкҳои марказӣ дар ин бора баъд аз мулоқоти вазирони молияи 17 кишвари қаламрави Аврупо гирифта шуд. Ин кишварҳо эътироф карданд, ки барои барномаҳои раҳоии худ аз бӯҳрон бояд аз Сандуқи Байналмиллалии Пул кӯмак бихоҳанд.
XS
SM
MD
LG