Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Русия дар Душанбе ба вазорат эҳзор шуд


Юрий Попов
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз қатли шаҳрвандонаш дар қаламрави Русия изҳори нигаронӣ кард. Дар робита бо ин кушторҳо Юрий Попов-сафири Русия дар Тоҷикистон ба вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эҳзор шуд. Дар мулоқот бо вай рафтори ғайриинсонӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баррасӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид аз куштори Бахтиёр Расулов, Зокир Қурбонқулов ёдоварӣ кард. Дар миёнаи моҳи ноябр ҷасади Бахтиёрро дар Санкт-Петербург бо сари бурида пайдо карданд. 25 ноябр дар шаҳраки Либерции наздикии Маскав ҷасади Қурбонқуловро ёфтанд. Қотилон ин ду нафарро сар бурида буданд. Сафири Русия дар мулоқот қавл дод, ки муҳтавои гуфтугӯҳоро ба раҳбарони худ мерасонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG