Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагиномаи Субҳони Саид


Субҳони Саид дар моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда , таълими 8-соларо дар зодгоҳ фаро мегирад. Се сол дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсилро идома медиҳад. Солҳои 1979 то 1981 хидмати сарбозиро дар шаҳри Маскав ба поён мебарад.

Фаъолияти меҳнатиро баъд аз аскарӣ дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ҳайси киномеханик оғоз менамояд. Солҳои 1983 то 1985 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” ба фаъолият мепардозад. Соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват мешавад. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда доштааст.

Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон мешавад. Оиладор, соҳиби 7 писар.
XS
SM
MD
LG