Бознишастаҳои шаҳри Донетски Украина имрӯз талоши забти дафтари волии вилоятро карданд.
Тақрибан 200 бознишаста, ки бештари онҳо бо белу панҷшоха мусаллаҳ буданд,аз сӯи кормандони полис дар канори бинои ҳукумати вилоят нигаҳ дошта шуданд. Эътирозгарон истеъфои ҳукумати Украинаро талаб карданд.
Дмитро Верзилов, раҳбари эътирозгарҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд ҳукумат аз коҳиши имтиёзҳо барои афроде, ки замони ҷанги дуввуми ҷаҳон кӯдак буданд, ва ҳамчунин собиқадорони ҷанги Афғонистону фоҷиаи Чернобил даст бардорад.
Ӯ афзуд, ки «шоми дирӯз кормандони полис чун гурӯҳи фашистҳо ба хаймаҳои эътирозгарон даромада як нафарро куштанд.
Бознишастаҳо баъди он талоши забти бинои ҳукумати вилоятро карданд, ки мақомот сабаби марги эътирозгарро сактаи дил эълон карданд.