Владимир Путин-нахуствазири Русия дар анҷумани ҳизби “Единая Россия” номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар пешбарӣ шуд. Вай дар анҷумани ин ҳизб дар шаҳри Маскав гуфт, аз ононе, ки вайро номзад пешбарӣ карданд, сипосгузор аст. Вай ҳамчунин ба Ғарб ҳушдор дод, ки ба интихботи Русия мудохила накунанд. Вай гуфт, “Русия кишвари демократист, ҳамкори мутмаину пешбинишаванда аст ва бо ин кишвар Ғарб метавонад ва бояд забон ёбад, вале ба он наметавонад аз берун чизеро ба сараш бор кунанд”. Дар анҷумани ҳизбӣ Дмиртий Медведев-раиси ҷумҳури Русия зимни суханони худ гуфт:
“Владимир Владимирович Путин-номзад ба мақомаи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳар ҳолат машҳуртаин, ботаҷрибатарин номзад ва муваффақтарин сиёсатмадор дар Русия кунунист”.
Медведев ҳамчунин аз шаҳрвандони Русия хост, ки дар интихоботи порламонии 4 декабр ба ҷонибдорӣ аз ҳизби “Русияи Воҳид” рай диҳанд.