Ҳукумати Афғонистон дар ростои ҳамоиши муҳими байнулмилалӣ дар Олмон мегӯяд, ба гуфтушунид бо Толибон умеди кам дорад. Мушовири амнияти миллии Афғонистон Додфар Сипанто гуфт, толибҳо дар ростои мулоқоти 5-уми декабр дар Бонн аслан майле ба гуфтушунид нишон намедиҳанд. Вай афзуд, бе дастури хадамоти махфӣ ва ҳарбиёни Покистон ҳеҷ гуна гуфтугӯи Толибон ба амал нахоҳад омад.