Сурия зарбулаҷали пешниҳодкардаи кишварҳои Ҷомеаи Арабро дар бораи иҷозаи вуруди нозирони ин ҷомеа ба Сурия то поёни ҳамин рӯз маҳкум кард. Ҷомеаи Араб мегӯяд, дар сурати надодани иҷозаи вуруди нозирон Сурия ба таҳримҳои ин ҷомеа дучор хоҳад шуд. Хабаргузории давлатии Сурия бо номи SANA гуфт, Ҷомеаи Араб ба “асбоби мудохилаи хориҷӣ” табдил шудааст ва ин созмони дорои 22 кишвари узв дастури Ғарбро иҷро мекунад, то дар минтақа нооромиро ангезиш диҳад. То ҳол рӯшан нест, ки ин интқодҳо ба маънии он аст, ки Димишқ вуруди нозиронро рад кардааст ё хайр. Ҷомеаи Араб мегӯяд, ки агар то поёни имрӯз Димишқ ба вуруди нозирон иҷоза надиҳад, рӯзи душанбе ин ҷомеа имкони таҳримҳо бар зидди Сурияро баррасӣ мекунад.