Имрӯз барои Сурия рӯзи ниҳоии пазируфтани пешниҳоди истиқрори нозирони Лигаи давлатҳои Араб аст, вагарна Димишқ метавонад ба таҳримоти ин бузургтарин иттиҳодияи кишварҳои арабӣ рӯбарӯ шавад. Лигаи араб гуфт, агар Димишқ нозиронро роҳ надиҳад, рӯзи шанбе ба баррасии мавзӯъи эъмоли таҳримот, аз ҷумла манъи тиҷорат бо Сурия, хоҳад пардохт. Лигаи араб алакай ба далели саркӯбии эътирозҳое, ки аз моҳи март беш аз 3500 кушта ба ҷо гузошт, узвияти Сурияро мутаваққиф кардааст. Ба гуфтаи фаъолон, фақат дирӯз дар Сурия боз 15 тани дигар ҷон бохтаанд.