Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Рӯзи парчами миллиро таҷлил мекунад


Тоҷикистон имрӯз Рӯзи парчами миллиашро зоҳиран боз ҳам бо шукӯҳ тантана хоҳад кард. Ба навиштаи “Азия Плюс”, қарор аст, имрӯз дар Душанбе як веломарафон ба масофаи 35 километр доир шавад. Шаҳрдорӣ дар майдони назди милаи 165-метрии парчами кишвар як раҳпаймоии густардаро низ дар назар гирифтааст. Дар Хуҷанд мехоҳанд ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ 10 000 нафарро дар майдони назди ҳукумати вилояти Суғд ба хотири иҷрои зиндаи Гимни миллӣ гирд биоранд. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш дар як қуллаи кӯҳи Муғул дар канори Хуҷанд як парчами 250-метрии Тоҷикистонро насб карданд.
XS
SM
MD
LG