Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия эътироф кард, ки муносиботи дуҷониба бад шудааст


Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, эътироф кард, ки моҷаро ба сари халабонҳои рус ба равобити ду тараф латмаи ҷиддӣ задааст. Айни замон ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, умедвор аст, раҳоии халабонҳо ин вазъро ислоҳ хоҳад кард. Юрий Попов, ҳамчунин эътироф кард, ки баъди ҳаёҳу дар Русия дар бораи ин қазия бо муҳоҷирони тоҷик бадрафторӣ сурат гирифтааст: "Шояд милисае бо дидани як муҳоҷири кории тоҷик дар роҳ ба худ мегуфт, ки дар Тоҷикистон одамони моро мекубанд, ҳоло ман ин муҳоҷири бечораро ҷазо медиҳам. Санадҳои ӯро тафтиш ва сипас пора мекунад. Хушбахтона ингуна ҳодисаҳо кам буданд, вале мо дар бораи ин ҳодисаҳо иттилоъ дорем." Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 8 ноябр Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Андрей Руденко, шаҳрванди Эстониро бо гуноҳи қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард, ки ин ҳаёҳуеро дар Русия барангехт. Баъди ин додгоҳ бо бознигарии ҳукм онҳоро раҳо кард.
XS
SM
MD
LG