Эрон дар посух ба таҳримҳои нави кишварҳои ғарбӣ гуфт, ки таҳримҳо бар зидди барномаҳои ҳастаиаш ҳеҷ асар нахоҳад дошт. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин таҳримҳо ба ҷуз аз “ҷанги таблиғотиву равонӣ чизи дигаре беш нест”. Рӯзи душанбе Амрикову Британия ва Канада бар зидди Эрон таҳримҳои нав эълон карданд, ки он бахшҳои энержӣ ва бонкии Эронро ҳадаф қарор додааст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, тадбирҳои ҷадид гувоҳи фишори бештар ба Эрон аст:
“Агар раҳбарони Эрон тасмим нагиранд, ки хати машши худро тағир медиҳанд ва тааҳҳудоти байналмиллалии худро иҷро мекунанд, дар он сурат фишори байналмиллалӣ афзоиш меёбад. Биёед ман рӯшантар бигӯям: Тасмими имрӯзаи мо имконоти моро барои таҳрими Эрон камтар намекунад”.
Дар посух Русия таҳримҳои кишварҳои ғарбиро бар зидди Эрон ғайри қобили қабул хонд ва гуфт, ки ин таҳримҳо имкони музокира бо Эронро халалдор мекунад.